навиштанӣ — [نوشتني] сифати феълии замони оянда аз навиштан; он чи навишта мешавад; лоиқи навиштан; муносиби навиштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қалам — I [قلم] а 1. афзорест найин, чӯбин ё филизӣ, ки ба воситаи он хат менависанд, хома, килк; қалами абрӯ қалами махсус барои ороиши абрӯи занон; қалами мӯин ниг. мӯ(й)қалам; қалами нақшакашӣ қалами филизӣ, ки нӯги дулабаи он ғафсу борик карда… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хат — I [خط] 1. фосилаи байни ду нуқта, он чи (кашиши қалам ё дигар) байни ду нуқтаро бо ҳам мепайвандад; хати рост хате, ки кӯтоҳтарин фосилаи байни ду нуқтаро бо ҳам мепайвандад; хати устуво доираи тасаввурӣ, ки кураи заминро ба ду нимкура (шимолӣ ва … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғалатнависӣ — [غلط نويسي] ғалат навиштан, хато навиштан, дар навиштан шитобкорӣ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
адабинавис — [ادب ي نويس] он ки дар нависандагӣ ё навиштан меъёри адабиро риоя мекунад, риояи меъёри адабӣ дар навиштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дурустнависӣ — [درست نويسي] беғалат ва бехато навиштан, риояи ойини нигориш ва дастури забон дар навиштан; муқоб. ғалатнависӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
задан — [زدن] 1. кӯфтан, чизеро ба чизе сахт расондан; осеб расондан (бо даст ё чизи дигар) 2. зарба расонидан; саркӯб кардан 3. кӯбидан, тақ тақ кардан (мас., дарро) 4. бархӯрдан, расидан; ба ҳам бархӯрдан 5. тапидан, зарабон ( и дил), ҳаракат кардан 6 … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иншо — [انشا] а 1. эҷод кардан, офаридан, сохтан 2. навиштан 3. кҳн. суханпардозӣ ва навиштани фасеҳу балеғ; навиштаҳои суханпардозонаи девонӣ (дар замони пеш); иншо кардан (намудан) эҷод кардан, навиштан 4. навъи кори хаттии мактабӣ, ки талаба дар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
китобат — [کتابت] а. навиштан; нусха бардорӣ аз рӯи навиштае; китобат кардан навиштан; рӯбардор кардан, нусха бардоштан (аз навиштае) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
навис — [نويس] 1. асоси замони ҳозира аз навиштан; навис навис бо такрор ва бисёру пайваста навиштан 2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маънои нависандаи чизе: номанавис, шеърнавис, ҳикоянавис … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ